Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2016 17:22

Лоиҳа

 ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ

(САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
  2. Дар моддаи 1:

— қисми дуюм бо мазмуни  зерин илова карда шавад:

«Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»;

— қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.

  1. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.».
  2. Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд.
  3. Дар моддаи 8:

— дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;

— қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.».

  1. Дар моддаи 14:

— дар қисми дуюм калимаҳои «маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шаванд;

— дар қисми сеюм калимаҳои «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд» ва «сохти конститутсионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» иваз карда шаванд.

  1. Дар моддаи 15:

— қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.»;

— дар қисми дуюм пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад;

— қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».

  1. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад.
  2. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шаванд.
  3. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
  4. Дар қисми чоруми моддаи 27 калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шаҳрвандоне» иваз карда шавад.
  5. Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.».
  6. Ба қисми сеюми моддаи 32 баъд аз калимаҳои «ҳизбҳои сиёсӣ» аломати «,» ва калимаҳои «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шаванд.
  7. Қисми дуюми моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.».

  1. Дар моддаи 37 калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад.
  2. Дар қисми якуми моддаи 38 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад.
  3. Дар моддаи 40:

— дар қисми якум калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад;

— дар қисми сеюм калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шавад.

  1. Дар қисми якуми моддаи 45 калимаҳои «Додани» ва «вазифаи ҳар кас мебошад» мувофиқан ба калимаҳои «Супоридани» ва «ҳатмист» иваз карда шаванд.
  2. Дар моддаи 49:

— ҷумлаи сеюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;

— қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;

— қисми ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;

— қисми ҳафтум қисми ҳаштум ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.».

  1. Дар қисми сеюми моддаи 51 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ,» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар,» иваз карда шаванд.
  2. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 56 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
  3. Дар моддаи 61:

— дар қисми дуюм калимаҳои «аз се ду» ба калимаҳои «аз чор се» иваз карда шаванд;

— қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.».

  1. Дар қисми дуюми моддаи 64 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад.
  2. Дар моддаи 65:

— қисми  дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.»;

— қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.».

  1. Дар моддаи 69:

— дар банди 7 калимаҳои «ба тасдиқи» ба калимаҳои «барои тасдиқ ба» иваз карда шаванд;

— банди 12 хориҷ карда шавад;

— аз банди 13 калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» хориҷ карда шаванд;

— дар банди 18 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;

— бандҳои 13-30 мувофиқан бандҳои 12-29 ҳисобида шаванд.

  1. Ба моддаи 71 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».

  1. Дар моддаи 73:

— қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;

— қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, баъд аз калимаҳои «Аъзои Ҳукумат» калимаҳои «бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо» илова карда шаванд.

  1. Дар қисми якуми моддаи 74 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
  2. Номи боби шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӣ ВА ХУДИДОРАКУНӣ».

  1. Дар моддаи 76 калимаҳои «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
  2. Дар моддаи 78:

— қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.»;

— дар қисми дуюм калимаи «марзӣ» ба калимаи «ҳудудӣ» иваз карда шавад;

— дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд;

— дар қисми шашум калимаи «ҷамоат» ба калимаи «Ҷамоат» иваз карда шавад.

  1. Дар қисми якуми моддаи 79 калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад.
  2. Дар моддаи 84:

— дар қисми сеюм калимаҳои «Тарзи ташкил» ба калимаҳои «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шаванд;

— дар қисми панҷум калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шавад.

  1. Моддаи 85 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 85. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.

Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.».

  1. Дар моддаи 86 калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ» иваз карда шаванд.

 

  1. Дар моддаи 89:

— қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.»;

— қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.»;

— қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, ба банди 1) баъд аз калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;

— қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шавад.

  1. Дар моддаи 91 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
  2. Дар моддаи 93 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
  3. Дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
  4. Дар МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӣ:

— қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.».

 

Февраль 10, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд