У. Давлатзод: «МОИ «Суғд» ва «Данғара» бештар рушд ёфтаанд»
Душанбе, 04.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар соли сипаригардида ба буҷети кишвар аз ҳисоби тавлидоти молу маҳсулот дар минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ кишвар қариб 20 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид шуданд. Умед Давлатзод-муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мегӯяд, ки аз чор МОИ дар се минтақааш тавлидоти молу маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар МОИ-и кишвар 62 субъект ба қайд гирифта шуда, сармояи мустақиме, ки ба ин минтақаҳо аз санаи таъсиси онҳо равона гардидааст, дар ҳаҷми 260 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Инчунин муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар афзуд, ки дар солҳои 2014-2015 аз Буҷети ҷумҳуриявӣ бо мақсади таъсиси инфрасохтори аввалиндараҷаи МОИ 10, 8 миллион сомонӣ мустақиман ба маъмуриятҳои МОИ ҷудо гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ- «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» фаъолият менамоянд, ки аз онҳо МОИ «Суғд» ва «Данғара» бештар рушд ёфтаанд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






