Қуръакашии бозиҳо барои Ҷоми ФФТ
Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Федератсияи футболи мамлакат қуръакашии бозиҳои марҳалаи аввали Ҷоми ФФТ-ро дар минтақаи Душанбе баргузор намуд, ки дар он ҳашт даста ширкат менамоянд.
Ба ғайр аз дастаҳои лигаи олӣ, “Истиқлол”, КМВА “Помир”, “Барқи тоҷик” “Регар-ТадАЗ” ва “Хайр”, инчунин тимҳо аз лигаи якум, “Кӯктош”, “Помир” ва “Локомотив” иштирок мекунанд. Дар даври аввал рӯзи 10 ва 11 феврал дар варзишгоҳи марказии пойтахт “Помир” бо “Регар-ТадАЗ”, “Барқи тоҷик” бо “Хайр” ,“Кӯктош” бо “Локомотив” ва КМВА “Помир” бо “Истиқлол” қувва меозмоянд.
Дар мусобиқаи марҳалаи аввал ҳамаи дастаҳо ба таври даврӣ бо ҳам як маротиба қувва месанҷанд ва дар натиҷа чор дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






