Ванҷ: Вазъи муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифт
Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Вазъи муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳияи Ванҷ ба хориҷи кишвар дар машварати назди муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа Х. Холиқов мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ Зиёратшо Назруллоев гузориш дод, ки ҳоло воридшавии 304 муҳоҷир, сокини ноҳия ба Федератсияи Русия манъ аст ва ин ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 48 нафараш занон мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо шўъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия соли 2015 97 муҳоҷири меҳнатие, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ аст, бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Инчунин 11 муҳоҷир грантҳои хурдро дар шакли таҷҳизот барои ташкили боғ, ташкили нуқтаи таъмири мошин, сартарошхона ва дигар намудҳои хизматрасонӣ аз намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон гирифтанд.
Дар ҳамкорӣ бо намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (МОМ) 9 муҳоҷире, ки нияти ба Федератсияи Русия рафтан доштанд, бо Сертификати донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи Русия ба таври ройгон таъмин гардиданд.
Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ноҳия Масрур Миров зикр кард, ки дар мадди аввал муҳоҷирони меҳнатие, ки аз хориҷи кишвар баргаштаанд, бо ҷойи кор, корҳои муздноки ҷамъиятӣ ва касбомўзӣ фаро гирифта мешаванд.