Вируси Зика +Зукоми хук: эҳтимоли таҳдид ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?
Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Пас аз коҳиш ёфтани бемории Эбола ба сокинони курраи замин боз ду бемории сироятии нав- «вируси Зика» ва «зукоми хук», гурӯҳи А1H1N1 таҳдид карданд. Бино ба иттилои ВАО вируси Зика аллакай дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст. Зукоми хук мардуми Русия ва Украинаро ба ташвиш овардааст.
Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтаасту имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бе мамониат ба дилхоҳ давлати дунё сафар кунад ва шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд ба Тоҷикистон оянд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ду кишвари бузурги дунё- Русия ва Чин бештар аз тариқи тайёра сафар мекунанд ва аз он ҷо низ мардуми зиёд ба кишварамон ворид мешаванд. Оё имрӯз хавфи аз тариқи тайёра вуруд шудани вируси Зика ва зукоми хук ба Тоҷикистон имкон дорад ё не ва фурудгоҳ дар ин самт кадом корҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намудааст?
Ба ин ва дигар саволҳои мо духтури қисми санитарии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Мирзоумар Шокиров чунин посух дод:
М.Шокиров: -Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар мавриди пешгирии зукоми хук ва вируси Зико тамоми шароит муҳайё шудааст. Дар қисми тиббии беҳдоштӣ ва бунгоҳи тиббӣ ҳароратсанҷи масофавӣ (теплосканер), ки аз масофаи беш аз 3 метр баланд будани ҳарорати бадани мусофирро хабар медиҳад, фаъол аст. Дар сурати ошкор шудани беморӣ мо мусофирро ба хуҷраҳои махсуси маҳкам ворид мекунем ва дар он ҷо муоинаи такрорӣ мегузаронем. Ба ғайр аз теплосканери масофавие, ки ҳама мусофирон аз он мегузаранд, мо теплосканери дастиро ҳам харидаем ва ҳамаи кормандони бунгоҳи тиббӣ бо он таъминанд. Барои пешгирӣ ва бехатарӣ аз тарафи фурудгоҳи байналмиллалӣ дар бунгоҳ капсулаи Эбола харид шудааст. Бемор дар ин капсула метавонад аз 9 то 12 соат қарор гирад. Капсула тамоми шароити ҳаётии беморро дар дохил таъмин менамояд. Духтурон метавонанд тамоми муоинаро дар дохил гузаронанд.
«Ховар»:— То имрӯз ягон нафар бо нишонаҳои ин ду беморӣ аз ҷониби кормандони фурудгоҳ ба қайд гирифта шудааст?
М.Шокиров:-Мо ҳоло ягон ҳолати гузаштани мусофиронро бо ин ду намуди беморӣ ба қайд нагирифтаем. Ҳамаи мусофироне, ки хоҳ рӯзона ва хоҳ шабона парвоз мекунанд ва ё ба кишварамон вуруд мешаванд, аз теплосканер мегузаранд. Дар ҳолати пайдо шудани аломати ин бемориҳо мо, албатта, аз он огоҳӣ меёбем.
«Ховар»:—Аз ҷониби кормандони фурудгоҳ дар тайёраҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд?
М.Шокиров:-Ҳамаи тайёраҳое, ки аз фурудгоҳи мо парвоз мекунанд ва ё фуруд меоянд, бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ коркард мешаванд. Ин коркарди давравӣ буда, ҳамаи тайёраҳо дар як шабонарӯз як маротиба онро мегузаронанд.
«Ховар»:—Барои пешгирӣ ва огоҳонидани мусофирон дар фурудгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд?
М.Шокиров:-Албатта. Кормандони фурудгоҳ ба ҳамаи мусофирон китобчаҳои махсусеро, ки вобаста ба бемориҳои сироятӣ омода шудаанд, тақсим мекунанд. Ҳоло чунин варақаҳо вобаста ба вируси Зика ва зукоми хук таҳия шудаанд ва байни мусофирон ҳам дар фурудгоҳ ва ҳам дар дохили тайёра тақсим мешаванд.
«Ховар»:-Оё эҳтимоли таҳдиди вируси Зика ва зукоми хук ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?
М.Шокиров:-Тавассути нақлиёти ҳавоӣ ҳамеша эҳтимоли таҳдиди ин вирусҳо ба кишвар мавҷуд аст. Тавре ки медонед, мо ба бисёр шаҳрҳои калони Русия ва Чин парвозҳоро ба роҳ мондаем. Омадани хомӯшакҳо ба Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Дар ин самт дар фурудгоҳ мутахассиси соҳаи ҳашаротшиносӣ фаъолият намуда, пас аз ҳар як парвоз дар ин самт ташхис мегузаронад. Бояд гуфт, ки барои пешгирии ин вирус мо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаем ва дар оянда низ идома медиҳем.
Суҳбаторо Лайло Қосимова





















Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Душанбе масъалаи ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор дорад
Дар Вазорати адлия Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд
Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад
Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад






