Вохӯрии вазирон бахшида ба 50-солагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид

Февраль 25, 2016 10:22

Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 24 феврали соли 2016 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи вазирон бахшида ба 50-солагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), ки дар бинои СММ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни чорабинии мазкур меҳмонони олимақоми кишварҳои аъзо диди худро оид ба фаъолияти самараноки БРСММ дар даҳсолаҳои оянда бобати мусоидати бештар ба талошҳои кишварҳои аъзо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иброз намуданд.
Илова бар ин, вазири корҳои хориҷӣ, ки барои суханронӣ дар мубоҳисаҳои тематикӣ таҳти унвони «Мудирияти хавф, зарфиятсозӣ бобати муқовимат ба офатҳо» даъват шуда буд, дар бораи зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, ба вижа офатҳои марбут ба об ибрози назар кард.

Февраль 25, 2016 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид