Вохурӣ бо аҳолии шаҳри Роғун дар доираи Паём

Февраль 19, 2016 11:13

Роғун, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Муддати 4 рӯз мешавад, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун намояндагони гурӯҳҳои таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сармутахассиси шуъбаи илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров, корманди Маркази исломшиносӣ Қамар Нурулҳақов, раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу кормандони дастгоҳи раиси шаҳр барои ба таври сода фаҳмонидани муҳтаво ва ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон мулоқот доранд.
Дар маҷлисҳои мазкур намояндагони гурӯҳҳои таблиғотӣ доир ба ҳифзи амнияти миллӣ, нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои терористӣ, сулҳу субот ва оромии кишвар, соҳаи тандурустию маорифпарварӣ ҳарф зада, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, кишварро дар якҷоягӣ боз ҳам ободтару зеботар гардонанд.

Февраль 19, 2016 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»