3,5 ҳазор ҷойи нави корӣ дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол»
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ифтитоҳ ёфтани маҷмааи нави тандурустии «Истиқлол» наздики 3,5 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати бобарори иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум мебошад.
Бояд гуфт, ки дар бунёди иншооти мазкур 7 ташкилоти сохтмонӣ ба ҳайси пудратчиёни асосӣ ва 17 ташкилоти молрасон иштирок кардаанд. Дар рафти сохтмони ин иншоот аз оғоз то анҷом аз 450 то 2500 нафар мутахассисони касбу кори гуногун бо кор ва маоши аз 1200 то 3500 сомонӣ таъмин шуданд. Корҳо таҳти назорати доимии 350 нафар мутахассисон ва масъулини муҳандисию техникӣ ҷараён дошт. Дар рафти бунёди иншоот корхонаҳои сохтмонӣ ва техникаҳои гуногунтамға, аз ҷумла 6 корхонаи бетонтайёркунӣ, даҳҳо адад кран-манораҳои борбардор, автокранҳо, экскаваторҳо ва дигар мошинҳои борбардор фаъолият мекарданд.













Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






