А.Атоев: Имрӯз Тоҷикистон соҳиби фазои интернетии худ аст

Март 3, 2016 16:13

Душанбе, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар Симпозиуми 2-юми Интернет дар Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Чашмандозҳо барои рушди интернет дар Тоҷикистон»    имкониятҳои Тоҷикистон аз рушди инфрасохтори дастрасӣ ба Интернет, аз ҷумла ташаккул ва рушди нуқтаҳои мубодилаи ҷараёни Интернет дар дохили кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар мавриди  ҳадафи симпозиум ва дигар мушкилоти шабакаҳои Интернет суҳбате доштем бо  Асомиддин Атоев, мутахассиси соҳаи татбиқи технологияҳои иттилооти коммуникатсионӣ барои рушд.

-Ҳадафи баргузории  Симпозиуми 2-юми Интернет дар Осиёи Марказӣ чӣ буд?

-Аввалин симпозиум моҳи декабри соли 2014 дар шаҳри Бишкек доир гардид. Яке аз ташкилкунандагони асосии ин симпозиум ташкилоти байналмилалии ISOC мебошад. Ҳадафи  асосии симпозиум рушд додани дастрасӣ ба Интернет ва тақвияти мавқеи ҳар як кишвар дар дохили Интернет мебошад. Аз ҷумла, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳамчун домана ё ба истилоҳи англисӣ «domain»-и .tj» маъруф аст ва ISOC чунин мавқеи кишварро дастгирӣ мекунад. Ҳадафи имрӯзаи симпозиум муайян намудани мавқеи Тоҷикистон дар фазои Интернет ва баррасии он чораҳое, ки ба рушди Интернет мусоидат мекунанд, мебошад.

-Имрӯз чанд фоизи аҳолии Тоҷикистон бо Интернет таъмин аст?

-Мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқаи кишвар шумораи корбарони соҳаи Интернет дар соли 2015- 3 миллион буда, мутаассифона, дар муқоиса бо соли 2014 шумораи онҳо  800 ҳазор нафар камтар шудааст. Шумораи корбарони фаъоли шабакаи алоқаи мобилӣ 5,2 фоиз кам шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки ин нишондиҳандаҳои расмӣ буда,  40 — 45 дарсади аҳолии кишварро дар бар мегирад. Бояд зикр кард,  ки ҳар корбари Тоҷикистон, аслан пайвандкунандаи якчанд нафари дигар мебошад. Вақте  мо омодагии электронии Тоҷикистонро соли 2012 таҳия мекардем, яке аз гузоришҳои вобаста ба рушди Интернет дар Тоҷикистон ва умуман татбиқи технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон буд ва  мо ба хулосае омадем, ки истифодабарандагони интернетро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард- бевосита корбарони фаъол,  яъне нафароне, ки худашон интернетро истифода мебаранд ва нафароне, ки дар бораи интернет огоҳӣ доранд, вале худ малакаи истифодаи компютеру телефонҳои мобилиро надоранд. Чунин нафарон  ба истифодабарандагони фаъол  муроҷиат мекунанд  ва тавассути онҳо мушкилоти  худро ҳал мекунанд. Ба ин гурӯҳ метавон деҳқононро мисол овард. Имрӯз деҳқонони тоҷик огоҳанд, ки тавассути Интернет метавон дар бораи обу ҳаво маълумоти дақиқ  гирифт ва  онҳо маълумоти лозимиашонро аз тарақи дигарон мегиранд.  Яъне, агар бо назардошти ҳамин воқеият таҳлил кунем, бе ягон шубҳа гуфтан мумкин аст, ки 50 дар сади аҳолии кишвар аз шабакаи интернетӣ фаъолона истифода мебаранд.

-Шумо ин ҷо таъкид намудед, ки сатҳи истифодабарандагони шабакаи Интернет коҳиш ёфт. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?

-Сабаби коҳиши истифодабарандагони шабакаи Интернетиро Хадамоти алоқа буҳрони иқтисодӣ номид ва ин воқеият ҳам дорад. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки сабабҳои дигар низ мавҷуданд, аз қабили  боло рафтани нархи хизматрасониҳои интернетиву мобилӣ. Дар нимаи дуввуми соли 2015 якбора нархи истифодаи як рақами телефонӣ ва  сипас андози аксизӣ боло рафт,   ки инҳо низ сабаби коҳиш ёфтани шумораи корбарони Интернет буданд. Ҳангоми боло рафтани андози аксизӣ ширкатҳои мобиливу интернетӣ пардохти  онро ба дӯши муштариён, яъне корбарон мепартоянд ва ин, албатта,  ба шумораи муштариён  таъсири манфӣ мерасонад.

-Ба андешаи Шумо имрӯз сифат ва суръати интернет дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

-Сифат ва суръати Интернет аз худи мо вобаста аст. Интернет як муҳити бисёрҳаракатаву бисёрҷониба мебошад. Агар онро дар мисоли ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳҳо гӯем, самти  ҳаракат дар ин шоҳроҳҳо дуҷониба буда,  дар ин самт боз чанд қатори дигар мавҷуд аст. Интернет ҳам чунин муҳит аст. Ҳарчанд ихтироъкори  Интернет Амрико аст, вале  имрӯз  ҳар як кишвар метавонад фазои ватании худро дар Интернет созад ва соҳиби он бошад. Мо имрӯз соҳиби фазои интернетии худ ҳастем ва сифати он чӣ гунае набошад, аз мо вобаста аст.  Ман  танҳо гуфта метавонам, ки шумораи фоизи корбароне, ки бештар ба рушди тахассуси худ, ба таҳсилу такмили малакаи худ машғуланд,  сол то сол зиёд шуда истодааст. Ҳарчанд он аз 50 дар сад зиёд нест, вале дар муқоиса бо солҳои пешин,  ки бештар муштариён бо мақсади фароғат интернетро истифода мебурданд, аз қабили шунидани мусиқӣ, тамошои филмҳо ва дарёфти маълумот барои қонеъ кардани талаботи фароғатӣ.  Имрӯз ҳатто соҳибкорон  аз имкониятҳои интернет истифода мебаранд.  Имрӯз дар шабакаҳои Интернетии Тоҷикистон  техникаю технологияҳои нав истифода мешаванд ва ин ҳам сифату суръати онро беҳтар кардааст.

 

Март 3, 2016 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

30 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ: рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ифтитоҳ ёфт
Зулфия Давлатназарова: «Бо ихтирои навъҳои нави серҳосили зироати кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорем»
«БИБИҶОНАМ МЕОЯД…». Дар Рӯзи Модар аз модаркалонҳои меҳрубону афсонагӯ ёд меорем
Шоҳона Сулаймон: «Сарриштаи зиндагиву рӯзгори ҳар як оила, пеш аз ҳама, дар дасти Зан-Модар аст»
Гулнора Ҳоҷиева: «Барои ихтирои «Чордору» се сол пажуҳиш намудаам»
Киҳо бояд дар моҳи Рамазон рӯза нагиранд? Ба ин савол Раиси Шурои уламо посух гуфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Ин фестивал бо мақсади муаррифии фарҳангу ҳунари бостонии халқи тоҷик баргузор мешавад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии номзад ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст