Ғалабаи Саройкамар дар бозӣ даври сеюм

Март 7, 2016 14:31

Душанбе, 07.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-   Шоми   дирӯз   дар варзишгоҳи марказии пойтахт  бозии  даври  сеюм  дар гурӯҳи «А»-и  мусобиқот барои Ҷоми  ФФТ   баргузор    шуд. Дастаи  « Саройкамар»-и   Панҷ   тавонист    бар  дастаи     футболи   «Хуҷанд»-и  Хуҷандро,ки   ҷоизадори    медалҳои    нуқраи   чемпионати    Тоҷикистон ба  ҳисоб меравад, бо  ҳисоби  2 бар 1 шикаст   дод.Голҳоро  бар дарвозаи  дастаи   «Хуҷанд» Ҷонибек  Ғафуров  ва  Ҳусен  Ёқубов    ба  ҳадаф  расониданд.Ягона   голи  дастаи  «Хуҷанд»-и    Хуҷандро   бошад,   Дилшод   Бозоров  ба    нишон    расонид. Ёдовар   мешавем, дастаи  «Саройкамар»-и   Панҷ  бо  гирифтани   4 имтиёз  ба  қатори  чоргонаи  дастаҳои   Лигаи     Олӣ   дохил  шуд.Аммо дастаҳои   «Хуҷанд»-и    Хуҷанд  ва   КМВА-Помир   аз  ҳисоби  таносуби    тӯбҳо   ба  бозиҳои   нимниҳоӣ  роҳ    ёфтанд.

Март 7, 2016 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад