Ҷаласаи Комиссия оид ба назорат ва муташаккилона баргузор намудани сафари шаҳрвандон ба Ҳаҷ
Душанбе, 03.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ҳузури муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Комиссия оид ба назорат ва муташаккилона баргузор намудани сафари шаҳрвандон ба Ҳаҷ доир шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими «Ҳаҷ-2016» барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии ҳамаҷониба гузаронидани ин маърака дастур дода шуд, ки аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ барои омодагии пурра ва муташаккилона гузаронидани мавсими «Ҳаҷ-2016» нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба сафари дастаҷамъии шаҳрвандон таҳия гардида, рӯйхати ҳаҷравандагон аз рўи шумораи аҳолии ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат омода карда шавад.
Ҳамчунин масъулини соҳа барои ташкили дўхти босифати либоси ҳоҷиён, озмуни роҳбаладон, хизматрасонии аввалияи тиббӣ ва иҷрои дигар талаботи мавсими «Ҳаҷ-2016» вазифадор карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






