Ҳамоиш бо истеҳсолкунандагони ватанӣ
Душанбе, 9.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Дар соҳаи маориф бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун ҳамасола зиёда аз 200 муассисаи таълимӣ бо қариб 30 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳисоби се лоиҳаи дар соҳаи маориф амалишаванда ва маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошуда, танҳо дар соли 2016 сохтмон ва навсозии 110 иншооти соҳаи маориф барои зиёда аз 27 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии зиёда аз 420 млн. сомонӣ бояд ба роҳ монда шаванд. Вобаста ба харидории молҳои ватанӣ ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва сармоягузорӣ ҳафтаи сипаришуда дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф вохўрӣ доир гардид Дар он муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазир Фатҳиддин Усмонзода, муавини якуми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Аламхон Наимӣ, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо У.Давлатзод, кормандони Вазорати маориф ва илм ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва директорону намояндагони беш аз сад ширкати ватанӣ ширкат намуданд.
Барои сохтмони иншоот ва харидани 5 ҳазору 105 тонна маводи оҳану пӯлод, 20 ҳазору 102 тонна семент, 27 млн. 26 ҳазор дона хишт зарур аст. Бо нархҳои миёна арзиши маводи мазкур зиёда аз 200 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби лоиҳаҳо ва маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудошуда дар соли равон харидории 27 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии қариб 10 млн. сомонӣ дар назар аст. Инчунин дар назар дошта шудааст, барои мактабҳои сохташаванда 164 лаборатория ва озмоишгоҳҳои фаннӣ ба маблағи 14,4 млн. сомонӣ харида шавад.
Аз пудратчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми харидани масолеҳи сохтмонӣ ба сифати маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд ва масолеҳи харидоришаванда дорои сертификати мутобиқат ба меъёрҳои амалкунанда бошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид






