Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд

Март 10, 2016 17:30

Душанбе, 10.03.2016.(АМИТ Ховар).-Имрӯз дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ мизи гирд дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» доир гардид.
Дар он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, олимони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.
Аҳтам Абдуллозода вобаста ба нуктаҳои Паёми ироагардидаи соли 2016, ки роҳнамо ва дастурамали кори ҳар як сохтору шахс маҳсуб мешавад, ибрози назар намуд.
Раиси кумита аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои муқовимат нишон додан ба таҳдидҳои замони муосир ҳар як фард бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, донишу касбияти худро сайқал дода, барои ободии кишвар саҳмгузор бошад.
Аспирантону донишҷӯёни фаъол сипоси худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста ва фароҳам овардани шароит бобати аз худ намудани илму дониш баён намуданд.

Март 10, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод