Б.Ғафуров: баргузории тӯйҳо дар рӯзҳои наврӯзӣ
Хуҷанд, 25.03.2016. АМИТ Ховар. Дар доираи баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкори инфиродӣ, роҳбарияти тӯйхонаи навтаъсиси Зафар хатнатӯи 14 кӯдаки синни томактабӣ ва тӯи арӯсии ду ҷуфт навхонадорон доир гардид.
Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулин аз мақомоти маҳаллии ноҳия иттилоъ доданд, дар маросими кушодашавии тӯйхонаи мазкур иҷрокунандаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ширкат варзида, миннатдории худро ба бунёдкори ин тӯйхонаи боҳашамат изҳор дошта, ҳозиринро бо Наврӯзи Аҷам муборакбод намуд.
Ҳамчунин дар саҳнаи бинои мазкур деги суманак гузошта шуда, дар гирди дег суруду таронаҳои наврӯзӣ бо баргузории бозиҳои наврӯзӣ доир шуданд.