Бӯрёкӯбони 161 оилаи ноҳияи Деваштич дар Зафаробод

Март 17, 2016 10:08

Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» 600 оила аз ноҳияи Айнӣ, 161 оила аз ноҳияи Деваштич ва 220 оила аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳамагӣ 981 оила дар ҳудуди ҷамоатҳои Меҳнатобод ва Ҷомии ноҳияи Зафаробод ҳамчун муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замин таъмин гардида буданд.
Дар деҳаи Навбаҳор бо фарорасии ҷашни Наврӯз 161 оилаи муҳоҷирони ноҳияи Деваштич сохтмони манзили истиқоматиро ба охир расонида, ба зиндагӣ оғоз намуданд .
Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим бо иштироки аҳолӣ ва намояндагони мақомоти дахлдор чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Март 17, 2016 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»