Баррасии татбиқи лоиҳаҳо дар маҷлиси назоратӣ

Март 12, 2016 11:25

Душанбе, 12.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар маҷлиси назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 март баргузор гашт, ҳисоботи амалишавии 2 лоиҳаи экологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷлис ҳисоботи ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» Зафар Маҳмудов ва «Баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» Фирӯз Саидов шунида шуд. Оид ба дигар паҳлуҳои лоиҳаҳои амалишаванда суолу таклифҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби баромадкунандагон ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Аз рӯи масъалаи дигари маҷлис- дар бораи вазъи коргузории кумита зикр шуд, ки назорату таъмини онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, вале ин самти фаъолият аз камбудиҳо холӣ нест.
Бо назардошти баррасии масъалаҳои бамиёнгузошта қарори дахлдор қабул шуд.

Март 12, 2016 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд