Боздиди адибони ҳавзаи Наврӯз аз мавзеи Лучоб ва муҷассамаи Сино

Март 19, 2016 12:27

Душанбе, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили шеърхонии наврӯзӣ баргузор гардид. Оғози ин маҳфил аз гулгузорӣ ва истиқболи адибони ҳавзаи Наврӯз дар мавзеи Лучоб дар оромгоҳи бузургони миллати тоҷик сурат гирифт. Дар чорабинӣ беш аз сесад устоду донишҷӯёни ДМТ иштирок намуданд. «Бояд гуфт, ки соли 1967 низ чунин як маҳфил баргузор гардида буд. ДМТ яке аз ташаббускорон ва истиқболгирандагони асосии он ҷашнвора буд ва онҳо ин анъанаро баъди 49 сол дар ДМТ идома дода истодаанд. Аз пояи мақбараи устод Мирзо Турсунзода оғоз кардани ин маҳфил нишони эҳтиром ба рӯҳи бузургони миллат ва идома додани анъанаи неки онҳо мебошад»,-чунин гуфт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик  Маҳмадюсуф Имомзода.

Шоистаи Равшан, нависанда аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин ҳамоиши хеле бузургро омода кардааст, миннатдорӣ карда, гуфт: «Аввал бояд бигӯям, ки истиқбол чӣ қадар хуб буд ва аз пазироӣ хеле хушҳол ҳастам. Ман фикр мекунам, ки «соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост». Оғоз хеле зебо ва олӣ буд ва итминон дорам, ки чанд рӯзи дигаре, ки ин ҷо ҳастем, барномаҳо хеле рангин хоҳанд буд. Ин ҳамоиш як омили хубест, ки байни тоҷикон ва кишварҳои гуногуни дунё дӯстиро зиёд мекунад ва пайвандӣ меорад».

Сипас онҳо ба назди муҷассамаи яке аз нобиғагони илми тибби ҷаҳонӣ- Абӯалӣ ибни Сино рафта, дар он ҷо  гулчанбар гузоштанд.

Дар ҳарду мавзеъ  донишҷӯён ба адибони ҳавзаи Наврӯз аз ашъори шоирони классики тоҷик шеъру рубоиҳо қироат карданд.

Шоири ориёӣ Масъуди Сипанд, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ба Душанбе омадааст, хеле хушҳол буда, чунин гуфт: ин кори азиме, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд, то Наврӯзро ҷаҳонӣ кунанд, аз беҳтарин корҳоест, ки ин кишвар метавонист анҷом диҳад. Миннатдории худро ба Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам, ки ин ҳамоишро барпо кардаанд ва шоирону  нависандагони ҷаҳонро даъват кардаанд. Хушҳол ҳастам, ки дар ин ҳамоиш иштирок дорам.

Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ҳоло дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад.

 

 

Март 19, 2016 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст