Боздиди муовини сарвазир аз роҳи Балҷувон-Сари Хосор

Март 15, 2016 18:13

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба иҷрои супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 марти соли равон муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор (Шайдон) дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи мазкур 34,1 км-ро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар ин хатсайри бунёдшаванда ҳанўз аз соли 1990 оғоз гардидаанд. Дар давоми солҳои 2012 то 2015 корҳои сохтмонӣ ба маблағи умумии 4,3 миллион сомонӣ аз худ карда шудаанд.
Баъд аз шиносоӣ бо ҳолати воқеии корҳои анҷомёфта дар қитъаҳои гуногуни лоиҳа, муовини сарвазир корҳои иҷрошудаи лоиҳавиро барои солҳои 2012-2015 ҳам аз лиҳози сифат ва ҳам аз лиҳози самаранок аз худ кардани маблағҳои буҷавии пешбинишуда ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
Вобаста ба ин ба Вазорати нақлиёт супориши қатъӣ дода шуд, ки лоиҳаи мазкурро аз сари нав таҷдиди назар карда, онро аз категорияи V-ум ба категорияи IV-ум гузаронад. Бо мақсади такони тоза бахшидан ба сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ, тавассути гузаронидани озмун ширкати дорои имкониятҳои воқеӣ бо таҷрибаи кофӣ интихоб карда шавад. Ҳамчунин ба ширкати ба тозагӣ интихобшаванда дастур дода шавад, ки он бо мақсади пайваст намудани қитъаи роҳи мошингарди Балҷувон — Шайдон дар қитъаи роҳи Балҷувон — Шаҳбахт корҳои сохтмониро бояд тарзе ба роҳ монад, ки то охири соли равон хатти пешакии роҳи мошингард бо паҳноии 6 метр рахна ва сангпӯш карда шавад.

Март 15, 2016 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад