Дар ду моҳ арзоншавии нархи гӯшт, биринҷ, картошка, орди навъи якум, ангишт ва бензин ба қайд гирифта шуд

Март 16, 2016 09:03

Душанбе, 16.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Тавре аз маълумоти омори расмӣ бармеояд, дар моҳи феврали соли равон сатҳи таваррум тамоюли пастравӣ дошта, нисбат ба моҳи қаблӣ 0,9 банди фоизӣ коҳиш ёфт ва ба 0,5 фоиз баробар шуд. Аз аввали сол нишондиҳандаи мазкур 1,9 фоизро ташкил намуд. Таварруми ҳосилшуда дар ду моҳи соли равон аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 2,1 фоиз, ғайриозуқа 1,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 3,2 фоиз ба миён омад.
Сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) дар моҳи феврали соли равон 6,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.
Омилҳои асосии пастравии таваррум, бахусус дар моҳи феврал- ин муътадил гардидани вазъи бозори дохилии асъор ва устуворшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ арзёбӣ гардида, ба коҳиши нархи молу маҳсулоти асосии воридшаванда, хусусан орд, шакар, равған, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нафтӣ (бензин ва гази моеъ) ва ғайра таъсир расонид.
Дар баробари ин, афзоиши пешниҳоди маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти аввалиндараҷа ба раванди пастравии сатҳи нархҳо низ мусоидат намуданд.
Дар ду моҳи соли равон арзоншавии нархи гӯшти гов ва гӯсфанд, биринҷ, картошка, сабзӣ, шир, тухм, орди навъи якум, ангишт ва бензин ба қайд гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки раванди муътадили сатҳи таваррум омили асосии таъминкунандаи суботи молиявӣ ва устуворкунандаи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Март 16, 2016 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад