Дарёфти маводи нашъадор

Март 12, 2016 12:41

Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ “Ховар”).-10 март ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокинони 27 ва 28- солаи шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаашон маводи нашъадори навъи ҳашиш, вазнаш 932 грамм дарёфт ва мусодира шуд.

11 марти соли равон  ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия сокини 29- солаи ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъаовар дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда маводи нашъадори навъи ҳашиш, вазни умумиаш 753 грамм дарёфт ва мусодира шуд.

Дар маҷмӯъ вазни дарёфтшудаи маводи нашъадор 1 килою 686 граммро ташкил медиҳад.

Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Март 12, 2016 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид