Даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ доир хоҳад шуд
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Рўзҳои 2 ва 3 апрели соли равон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ», воқеъ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, география) даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.
Рўзҳои 9 ва 10 апрел аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (забони давлатӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ) даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор хоҳад гашт.
Хоҳишмандон метавонанд бо рақамҳои 223-18-28 маълумоти иловагӣ гиранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад






