Душанбе: 4 рӯзи таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз
Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 21 март тавассути «Корвони наврӯзӣ» аз маҳаллаҳои «Бадахшон»-и ноҳияи Шоҳмансур, «Кӯҳдоман»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Лучоб»-и ноҳияи Сино, шаҳраки 23-и ноҳияи Фирдавсӣ ва намоиши театришуда дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» оғоз мегардад. Рӯзи дигар, 22 март дар Муасисаи давлатии «Боғи пойтахт» наврӯзии аҳли маорифи шаҳри Душанбе бо сайругашти оммавии наврӯзӣ дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе бо ташкили барномаҳои консертии идона ва мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт барпо мегардад. 23 март чорабинии идонаи наврӯзии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар Боғи устод Рӯдакӣ, майдони «800-солагии Маскав», боғҳои фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт ва 24 марти соли 2016 чорабиниҳо барои тақвияти тадбирҳои сабзкорӣ, ободониву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ дар маҳаллаву шаҳрак, атрофи биноҳои истиқоматӣ, идора, муассиса ва корхонаҳои истеҳсолию соҳибкорӣ гузаронида мешаванд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






