Ф.Қодиров: Ҷашни Наврўз метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон заминаи хубе гузорад

Март 17, 2016 11:58

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»). —Мардуми тоҷик дорои анъанаҳои бойи бадеӣ буда, он тўли таърих ҳамчун баёнгари воқеияти таърихию фарҳангии халқ хизмат менамояд. Ҷашну маросим, эҷодиёти мардумӣ, касбу ҳунарҳои миллӣ ва мероси фолклории гуногунранг нотакрор ва нодир мебошанд. Мардуми тоҷик тўли таърих тавонист анъанаҳо, иду ҷашнҳо, фолклор, касбу ҳунарҳои миллӣ, эҷодиёти мардумиро ҳифз намояд. Дар баробари ҳамаи ин арзиши бебаҳо ва муҳимтарини Тоҷикистон ин лутфу меҳрубонӣ ва меҳмонпазирии мардуми он мебошад.
«Иду ҷашнвораҳо ҳамчун зуҳуроти таркибии фарҳанги мардум дар ин миён нақши боризу ҳалкунанда доранд. Идҳо вазифаҳои мухталифи иҷтимоӣ, аз қабили ташаккули умумияти одамон, ҷаҳонбинӣ, рў овардан ба арзишҳои ахлоқӣ ва афзалиятҳои эстетикӣ доранд. Ба ибораи дигар, ид яке аз шаклҳои маъмултарини ҳифзкунӣ ва интиқолдиҳандаи таҷрибаест, ки дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошад»,- мегӯяд номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Фазлиддин Қодиров.
Бино ба гуфтаи Ф.Қодиров дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни ҳуҷастапай ва фархундаи Наврўз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврўз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрўз омада расидааст.
«Имрўз Наврўз, пеш аз ҳама, дастоварди арзишмандтарини фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Таърихи Наврўз аз умқи қарнҳо сарчашма мегирад. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврўз хондаанд»,-илова намуд мусоҳиб
Ба андешаи номзади илмҳои педогогӣ, мардуми шарафманд ва фарҳангпарвари тоҷик ҷашни Наврўзро ҳамчун мероси гаронмоя ва арзишмандтарини ниёгони хеш гиромӣ доштанд ва ҳамасола онро бо шаҳомати хосса таҷлил менамуданд. Шаҳомати Наврўзи бостонӣ дар баробари ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардуми эронитабор буданаш сокинони баъзе аз манотиқи сайёраро нагузошт, то онҳо аз таҷлили он дар канор бошанд. Ҳамин аст, ки қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ, давлатҳои Қафқоз, Ҳинду Покистон, Давлатҳои Араб дар миёни унсурҳои фарҳанги миллии хеш барои Наврўз ҷойи намоёнеро муносиб донистанд.
Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарорномаи «Рўзи ҷаҳонии Наврўз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди давлатҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил гардад.
«Шуҳрати ҷаҳонии Наврўз низ таърихи қадимӣ дорад. Марселиус — бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён ба Эрон сафар кардааст, худ шоҳиди ҷашни Наврўз будааст. Ў дар сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рўзи ҷашни Наврўз духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешимии обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдўхта дар саҳни кох ҷамъ шуда, ба пойкӯбӣ ва рақс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи нигористони Кисрои Анўшервон, ки шаш ҳазор метр масоҳат дорад, фарши заминаш сафед ва як қитъаи муайян бо ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин фарш манзараи баҳору табиатро мемонад. Дарахтони ин фаршро бо зумуррад ва шукуфаи дарахтон бо забарҷад ва ақиқи сафед ва сурате ёқути сурх, муҷассамаи шутуре аз нуқраи хом ва аспе аз тиллои ноб бо зин ва барги ҷавоҳир нишон бар зиннати толори шоҳаншоҳӣ афзудааст». Аз дидаву шунида ва бардоштҳои бозаргони румӣ Марселиус бармеояд, ки ҷашни Наврўз ҳанўз дар давраҳои пешин шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда будааст»,-илова намуд Ф.Қодиров.
Ойину суннатҳои хоссаи наврўзӣ аз қабили «Гулгардонӣ», «Ҷуфтбаророн», «Фолгирӣ», «Хонабаророн», «Ҷаҳоршанбесурӣ», «Обрезон» ва амсоли инҳо шаҳомату арзиши Наврўзи бостонро дучанд намуда, ҷилои тоза мебахшанд. Хосатан, ин ойину суннатҳо ифодагари тамоми паҳлўҳои ҳаёту зиндагии мардумони мо маҳсуб мешаванд.
Ҷамъи чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ ва варзишии марбут ба Наврўз бо ифодаи воқеияти аслии фарҳанги миллӣ дар баробари чорабиниҳои мухталифи сатҳи ҷаҳонӣ, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳон барои иштирок ба онҳо ташриф меоранд, метавонанд барои рушди сайёҳӣ дар мамлакат заминаи хубе бошанд.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола шумораи бениҳоят зиёди сайёҳон бобати иштирок дар идҳои миллии мамлакатҳои гуногун, аз қабили ҷашнвораи Патрикаи муқаддас дар Лондон (Британияи кабир), ҷашнвораи фарҳангҳо дар Берлин (Олмон), шоу Romanza-ид дар болои ях, Вена (Австрия), Иди Лас Файяс дар Валенсия (Испания), муҳорибаи афлесунҳо дар Иврея (Италия), Карнавал дар Рио де Жанейро (Бразилия), Фестивали гулҳо Panagbenga дар Багио (Филиппин) ташриф оварда, ба ин васила бо анъанаву фарҳанг ва одатҳои сокинони ин мамлакатҳо ошноӣ пайдо мекунанд ва дар як вақт ба ғанишавии буҷаи ин давлатҳо саҳм мегузоранд»,-ибрози андеша намуд мусоҳиб.
Бо назардошти ин нукта ширкатҳои сайёҳии ватаниро мебояд дар мавриди ташкили хатсайрҳои туристии идона дар мавсими баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба Наврўзи байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
«Барои рушд ва пешниҳоди Наврўз ба унвони маҳсулоти миллии сайёҳӣ дар бозори сайёҳии ҷаҳон зарурати барномарезии ягонаи умумимиллии таҷлил аз Наврўз дар тамоми гўшаву канори мамлакат, тарғиби пайвастаи хизматрасониҳои фароғатию фарҳангӣ дар доираи баргузории Иди Наврўзи байналмилалӣ, сайрҳои нақлиётӣ ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ ва амсоли инҳо тавассути ВАО ва шабакаи ҷаҳонии Интернет дар шакли тоза ва нав ба миён омадааст, зеро Наврўз дар баробари дигар ҷашну маросими миллии мардуми мо як навъ пули устувори робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ миёни халқу миллатҳои на танҳо форсизабон, балки дигар халқу миллатҳои сайёра мебошад»,-ҷамъбаст намуд Ф.Қодиров.

Таҳияи Лайло Қосимова

Март 17, 2016 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Илму маориф ва рушди сармояи инсонӣ — дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Аз байн бурдани коррупсия омили пешрафти ҳар давлат аст
ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳамадонӣ, №35 номзад пешбарӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз ҳавзаи якмандатии Исфара, №20 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид
Бозорҳо, хатсайрҳо, терминалҳо: МегаФон Тоҷикистон шабакаи толорҳои алоқаи худро васеъ намуд
ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 номзад пешниҳод намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Сӯхтори ҷангал дар Калифорния беш аз 300 гектарро фаро гирифтааст
Лондон аз рӯи танбашавии нақлиёт байни шаҳрҳои Аврупо дар ҷойи якум қарор гирифт