Гулистон ва Бӯстон-номи нави ду шаҳри Суғд

Март 3, 2016 15:54

Душанбе, 03.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Номи шаҳри Қайроққум ба Гулистон ва Чкалов ба шаҳри Бӯстон табдил дода шуд. Дар робита ба ин 3 март аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи панҷуми палатаи болоии Парлумони кишвар пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғдро тасдиқ намуд. Инчунин номи ноҳияи Ғончӣ ба Деваштич иваз карда шуд.
Ҳадафи тағйири номи ду шаҳру як ноҳия дар шимоли кишвар амалӣ намудани дархосту пешниҳод ва ормонҳои ватандӯстонаи мардум дар мавриди барқарор намудани асолати таърихии номҳо, тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои миллӣ арзёбӣ мегардад.

Март 3, 2016 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд