“Хуҷанд” аз КМВА “Помир” беҳтар буд
Душанбе, 3.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми ФФТ идома дорад. Дирӯз дар бозии дуввуми гурӯҳи “Б” тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд ҳарифи худ КМВА “Помир”-ро бо натиҷаи 3 бар 1 мағлуб карда, ба садри гурӯҳ роҳ ёфт. Ба узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров муяссар шуд, ки бо ду голи задааш ба мақоми аввали нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа шомил шавад. Голи дигари ғолибонро Дилшод Бозоров ба самар расонид. Даврон Тӯхтасунов аз КМВА “Помир” тавонист ягона голи тасаллияти сарбозонро ба ҳадаф расонад.
Дар гурӯҳи “Б” “Истиқлол” як рӯз пештар бар “Саройкамар” бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуда буд.
Имрӯз соати 10 дастаҳои “Хайр” бо “Помир” ва дар соати 16 “Регар ТадАЗ” бо “Вахш” вориди майдон мешаванд.
Аз сабаби он, ки дастаи “Қайроққум” аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои ниҳоӣ даст кашид ва ба мусобиқа ҳозир нашуд, ФФТ ба ҷои он дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишварро, ки бо номи “Помир” ҳунарнамоӣ дорад, ба гурӯҳи “А” шомил кард.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






