Хуҷанд ва Ӯш: Ҳамкорӣ вусъат меёбад
Душанбе, 16.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ҳайати меҳмонони вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистонро бо роҳбарии муовини аввали мири шаҳри Ӯш Замирбек Аскаров ба ҳузур пазируфта, зикр намуд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки робитаю ҳамкории шаҳру минтақаҳо бо хориҷи кишвар таҳким ёфта, аз ҷумла барои рушди бемайлони Хуҷанд ва Ӯш — ду бародаршаҳр, ду маркази маъмурии вилоятҳои сернуфузи кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Содироти маҳсулоти гӯшту шир ва сохтмонии аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Бодканд ва Ӯш намунаи ҳамкории судманд аст. Меҳмонон ҳавасмандии худро бобати ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ва таъсиси коргоҳҳои муштарак бо коргоҳҳои «Файзи Расул», Ассотсиатсияи «Кедр» ва дигар ширкатҳои сохтмонию истеҳсолӣ изҳор намуданд.
Бо истифода аз фурсат муовини аввали мири шаҳри Ӯш Замирбек Аскаров Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷандро ба таҷлили Рӯзи шаҳри Ӯш, ки ҳамсола моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, даъват намуд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






