Хуҷанд: Як миллион лолаи ҳолландӣ ба шукуфтан оғоз кард
Хуҷанд, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Баробари оғози фасли баҳор шаҳри Хуҷанд қабои баҳорию наврӯзӣ ба бар кардааст. Ҳоло дар кӯчаю хиёбонҳо ва мавзеъҳои истироҳатии маркази вилояти Суғд беш аз 1 миллион гули лола дар марҳилаи шукуфтан аст.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд барои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай корҳои омодагӣ вусъат доранд. Тибқи иттилои мутахассисон дар давоми 15 рӯзи минбаъда кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷандро лолаҳои рангоранги зебои навъи «ҳолландӣ» оро дода, тибқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд боз ду миллион дона гулҳои ороишии навъи «Марҷонгул», 6 намуд гули навъи «Петуня», «Катарантус», «Вербена», «Галларгия», «Гамфренум», «Тагетис», «Газания», «Мехчагули хурд», «Гули тоҷ», «Цинерария» ва «Лакфеола» шинонда шудаанд.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






