Хуҷанд: Як миллион лолаи ҳолландӣ ба шукуфтан оғоз кард

Март 19, 2016 10:25

Хуҷанд, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Баробари оғози фасли баҳор шаҳри Хуҷанд қабои баҳорию наврӯзӣ ба бар кардааст. Ҳоло дар кӯчаю хиёбонҳо ва мавзеъҳои истироҳатии маркази вилояти Суғд беш аз 1 миллион гули лола дар марҳилаи шукуфтан аст.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд барои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай корҳои омодагӣ вусъат доранд. Тибқи иттилои  мутахассисон  дар давоми 15 рӯзи минбаъда кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷандро лолаҳои рангоранги зебои навъи «ҳолландӣ» оро дода, тибқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд боз ду миллион дона гулҳои ороишии навъи «Марҷонгул», 6 намуд гули навъи «Петуня», «Катарантус», «Вербена», «Галларгия», «Гамфренум», «Тагетис», «Газания», «Мехчагули хурд», «Гули тоҷ», «Цинерария» ва «Лакфеола» шинонда шудаанд.

 

 

Март 19, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид