“Истиқлол” бо 17 бозингар ба Теҳрон рафт

Март 14, 2016 08:28

Душанбе,14.03.2016 (АМИТ «Ховар)-Чемпиони мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе барои баргузор кардани бозии даври сеюми Ҷоми КФО бо тими “Нафт Алвасат”-и Ироқ ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Теҳрон, ки “Нафт Алвасат” бозиҳои хонагии худро мегузаронад, сафар кард. Танҳо муҳофизатгари “Истиқлол” Сиёвуш Асроров бо сабаби лат бардоштан дар ин бозӣ ширкат намекунад.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Поси Теҳрон рӯзи 15 март дар соати 16:30-и вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдрас мешавем, ки дар гурӯҳи “Б” “Истиқлол” ду бозӣ гузаронида, бо як имтиёз дар мақоми 4-ум аст. Дастаи “Алфайсалӣ” соҳиби 4 имтиёз, “Нафт Алвасат” ва “Тараблус” 3 холӣ доранд.
Бозии байни дастаҳои “Нафт Алвасат” ва “Истиқлол”-ро довар Сухбир Синх бо ҳамроҳонаш Арун Пираи ва Асит Саркор аз Ҳиндустон ҳакамӣ мекунанд.

Март 14, 2016 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад