Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид

Апрель 6, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 6 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид, ки дар он намояндагон, коршиносон ва масъулони соҳаи варзиши анъанавӣ аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни форум муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ этноспорт ба ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи ҳисси ифтихор аз таърих ва арзишҳои миллӣ дар байни ҷавонон мусоидат менамояд. Барои Тоҷикистон этноспорт на танҳо як самти варзиш, балки ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг, хотираи таърихӣ ва мероси маънавии миллат мебошад.

Иброз гардид, ки намудҳои миллии варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ («гӯштингирӣ») дар байни мардум мавқеи хос дошта, рамзи қувва, ҷавонмардӣ ва эҳтиром ба рақиб ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон робитаи зичи этноспорт бо анъанаҳои миллӣ, бахусус ҷашни Наврӯз муҳим арзёбӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди варзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.

Форум дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардида, барои рушди минбаъдаи ҳаракати ҷаҳонии этноспорт заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар доираи форум муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода бо Президенти Конфедератсияи байналмилалии этноспорт Наҷмуддин Билол Эрдуғон вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди этноспорт, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаро дар самти ҳифз ва тарғиби варзишҳои миллӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар доираи Форуми 8-уми Этноспорт, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, Муҳаммадтолиб Шокирзода бо Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Дунёмалӣ вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои ҷавонон ва варзиш мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ду кишвар ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки ин робитаҳо бар пояи арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ ва забонӣ устувор буда, заминаи мусоиди густариши ҳамкории судмандро фароҳам меоранд.

Иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои ҷавонон ва варзиш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон ва таҳкими тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ фароҳам буда, татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025–2026 барои густариши робитаҳо имконияти нав фароҳам меорад.

Ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои рушди варзишҳои миллӣ, аз ҷумла зӯрхона ва гӯштингирӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро ҷузъи муҳими мероси фарҳангии муштарак арзёбӣ карданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд