Изҳороти расмӣ доир ба ҷараёни амалиёти махсус дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон
Душанбе, 05.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5-уми марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ошкор гардид. Ҳангоми амалиёт оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мазкур, аъзои узви ин даста мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд.
Мутаассифона, дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳонаи қочоқчиён хизматчии ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ прапоршик Сафолов Сӯҳроб Зардович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Айни замон амалиёт оид ба дастгир ва безарар гардонидани ин гурӯҳи террористӣ идома дорад.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ашхоси дар ин ҳодиса дастдошта пурра муайян ва нисбат ба онҳо дар асоси талаботи қонунгузории ҶТ чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд.
Маркази робитаҳои
ҷамъиятии СҚС КДАМ ҶТ








Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд






