М. Ғойиб: «Шаҳомате, ки Наврӯз дар диёри тоҷикон дорад, исбот намуд, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз аст»

Март 20, 2016 15:36

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»).—«Имрӯз ҷашни байналмилалии Наврӯз бо Симпозиуми байналмилалии илмии “Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон” оид ба баррасии масъалаҳои муҳимтарини ташаккулу таҳаввули Наврӯз оғоз ёфт ва ин пайки тозаи баҳорӣ аст», — иброз дошт Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб пас аз мулоқот ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар, ки имрӯз дар «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор шуд.

Ба таъкиди Муҳаммад Ғойиб, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи ҷаҳониён аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

«Наврӯзи имсола, дар ҳақиқат Наврӯзи ҷаҳонӣ шуд. Он шукӯҳу шаҳомате, ки Наврӯз дар диёри тоҷикон ҷилванамоӣ дорад, он хурсандие, ки хурду бузург, пиру ҷавон доранд, исбот менамояд, ки ҳақиқатан Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Наврӯзи имсола бо ширкати адибон,  таърихшиносон, мунаққидон ва  фарҳангшиносони машҳури ҳамаи кишварҳо хурсандии моро дучанд намуд»,-тазаккур дод.

Март 20, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад