«Масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ. Сохтмони он чӣ гуна ҷараён дорад?», Қаҳрамони ҷанг ва қаҳрамони сулҳ, «Нома пас аз сӣ сол» — ин ва дигар мақолаҳои нашрияҳо

Март 3, 2016 15:04

Душанбе, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»). – Шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 1-уми марти соли равон таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Мо Чинро ҳамчун ҳамсояи наку медонем» аз мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин Фан Фэнхоэй ва намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопин хабарҳо нашр кардааст. Дар ҳамин шумораи «Ҷумҳурият» мақолаи судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода бо номи «Ҳуҷҷати барномавии сиёсию ҳуқуқӣ» ва мақолаи Додоҷон Рӯзиев «Аз меъмори Сулҳ то Пешвои миллат», инчунин аз ҷараёни сохтмони бузургтарин масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бо тарҳи нодиртарин дар Осиёи Марказӣ зери сарлавҳаи «Масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ. Сохтмони он чӣ гуна ҷараён дорад?» гузориши алоҳида пешкаши хонандагон шудааст. Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи чоршанбе аз 2-юми феврали соли равон, Иттилоия оид ба баргузор шудани маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар нашр карда, суханронии Сарвари давлатро дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» пешкаши хонандагон кардааст. «Наврӯз ҷашни инсоният аст» — мақолаи Рустами Ваҳҳоб низ дар ин шумораи нашрия чоп шудааст. Дар шумораи рӯзи панҷшанбеи нашрияи «Ҷумҳурият» аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи артиши Покистон Раҳил Шариф ва барқияи ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба президенти Русия В. Путин вобаста ба фоҷиаи кони ангишти Воркута хабар нашр шудааст. Мақолаи Раҳмон Юсуф – прокурори генералии мамлакат бо сарлавҳаи «Паём. Иҷрои муқаррароти он кафолати ояндаи нек аст» аз бахшҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат нақл мекунад. Муаллиф навиштааст: «Дар Паёми имсола низ як силсила фикру мулоҳизаҳое садо доданд, ки аҳамияти байналмилалӣ дошта, ба ҳифзи дини мубини ислом, ҳуқуқҳои гурезагони кишварҳои ҷангзада ва аз байн бурдани мухолифатҳо дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шудаанд».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» — дар шумораҳои 27-28 (1 марти соли 2016),  аз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров гузориш нашр карда, Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро дар бораи ташкили комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо исми раисон, муовинони раис ва аъзои комиссияҳо дар 68 ҳавза чоп кардааст. «Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд мегардад» — таҳти ин сарлавҳа «Садои мардум» дар шумораи рӯзи панҷшанбе матни суханони Пешвои миллатро дар маросими ифтитоҳи муасисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма нашр кардааст.

Нашрияи «Народная газета» мақолаи К.Бабаевро — устоди Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода, дар хусуси зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститусияи (Сарқонуни) кишвар чоп кардааст. Дар ҳамин шумора мақолаи калонҳаҷми унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тҷикистон Фирдавс Шарипов бо номи «Панҷуми фаронсавӣ ва якуми тоҷикӣ» оид ба муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешкаши хонандагон шудааст.

 Ҳафтаномаи ӯзбекзабони «Халқ овози» ба ҷашни Рӯзи модар бахшида шуда, дар саҳифаи аввали он дуои модари 107- сола аз шаҳри Турзунзода Собира Олимова дар ҳаққи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, шеъри шоира Зулфия Бобоева «Иди модарам»,  андешаҳои занони гуногункасб нисбат ба бузургии модар чоп шудааст. Мусоҳибаи Абдулло Саидов бо муовини сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Раҳматова  ва саҳифаи идонаи  “Дунёи занон” дар таҳияи Гулфинур Аюпова аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳад шуд.

«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар таҳти номи “Хубони порсигӯ” навиштаҳои шоираҳои номдор Гулрухсор, Фарзона, Раънои Мубориз, Холидаи Фурӯғ, Фотимаи Рокеъӣ, Нодияи Фазл ва Шаҳзодаро чоп кардааст. Дар саҳифаи назми ҳафтанома силсилаи рубоиёти Муҳаммад Ғоиб “Дар хилвати мо ҳазору як анҷуман аст”, дар саҳифаи наср навиштаи Саодат Сатторӣ «Нома пас аз сӣ сол» ва дар саҳифаи “Адабиёти ҷаҳон” ҳикояи Абдулло Қаҳҳор бо номи «Анор» нашр шудааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мусоҳиба бо директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Худобердӣ Холиқназарро бо сарлавҳаи “Тағйиру иловаҳо аз андешаҳои мардум маншаъ мегиранд” чоп карда, ба хонандагони худ бо саволи “8-уми март ба бонувон чӣ туҳфа мекунед?” муроҷиат кардааст. Ҳамчунин бахшида ба Иди модар саҳифаи алоҳида бо акси занону модаронро пешкаши хонандагон гардидааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мусоҳибаи ихтисосӣ бо раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзодаро чоп карда, мушкилоти қарздорони ин ширкат, шикояти муштариён, санҷиши кормандон ва омилҳои болоравии нархи неруи барқро инъикос кардааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» дар шумораи навбатӣ мушоҳидаҳои журналист Р.Давлатро аз интихоботи парлумонӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуда буд, бо сарлавҳаи “Поёни як фасли тундгароӣ дар Ирон. Ё хоби роҳбар парешон шуд, чаро?” нашр карда, идомаи мақолаи “Таҳаввули сиёсати Русия дар самти Афғонистон” (муаллиф Раҳматулло Абдуллоев) пешкаши хонандагон намудааст.

Нашрияи русзабони “AsiaPlus” дар шумораи рӯзи душанбе, аз таърихи 29 феврал мақолаи М.Раҳматоваро аз маҷаллаи “VIPzone” бо номи “Шоҳрух Саидов. Намояндаи “Ҷавонони тиллоӣ” нест” бознашр кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора муҳтавои суханрониҳои Абдураҳим Каримов маъмул бо номи Мулло Абдураҳимро бо сарлавҳаи “Мо ду қаҳрамон дорем: қаҳрамони ҷанг – ҲНИТ ва қаҳрамони сулҳ – Пешвои миллат” чоп шудааст.

Ҳафтаномаи “Фараж” мақолаҳои “Ду курсии холӣ барои чор ҳизб”, “Мулло Абдураҳим: Ман заставаро назадаам”, “Азроили сурудҳо”, “Бозингарони махфӣ”, “Инқилоби динӣ: сарчашма аз куҷост?»-ро  чоп кардааст. Муаллифи “Бозингарон”-и махфӣ” навиштааст: “Дин вақте ки идеология мегардад, сармояҳои қадимиашро аз даст медиҳад. Дин идеологияро намеписандад. Онҳое, ки динро идеология кардан мехоҳанд, динро ба намоиш мегузоранд”.

Ҳафтаномаи “Самак” бо саволи “Кадом зани тоҷик ба Клара Сеткина монанд аст?” назарпурсӣ анҷом дода, натиҷааи онро пешкаши мухлисони худ кардааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаҳои «Дар ҷустуҷӯи Юсуфи гумгашта», «Накҳати гулҳои Наргис», «Арҷгузории бонувони сиёсатмадор»-ро пешниҳоди хонандагон кардааст.

 

 

 

Март 3, 2016 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд