Минбаъд дар масҷидҳо гурӯҳи «Фаъолон» амал мекунад

Март 2, 2016 15:01

Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар») — Тавре ки иттилоъ дода будем, имрӯз дар Китобхонаи миллии кишвар бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки имомхатибони шаҳру вилоятҳо дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, фаҳмонидани моҳияти дини мубини ислом ва мактаби тарбиявии Имоми Аъзам буда, инчунин боло бурдани сатҳи донишу маърифат ва худшиносии миллӣ дар замири ҷавонон шарҳ дода шуд.
Зимни суханронӣ иштирокдорони маҳфил аз талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду шукуфоии мамлакат, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, баланд бардоштани мавқеи ҷавонон ҳамчун бунёдгузори ҷомеаи фардо, ҳамзамон эҳёи расму оин ва суннатҳои мардумӣ ибрози назар карданд.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатару таҳдидҳои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ даст зада, ҳазорон ҷавононро бо роҳи фиребу найранг ба коми ҷанг мекашад, нигаронии шадид дорад.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз баъзе ҷавонони тоҷик ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтода, ҳамсару фарзандони ноболиғи худро танҳо гузошта, дур аз Ватан ва наздикону пайвандон дар кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ даст ба ҷиноятҳои вазнин мезананд. Қисме аз онҳо дар он ҷо ба ҳалокат расида, гурӯҳе маъюбу корношоям гардидаанд.
Ходимони дини Тоҷикистон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки гурӯҳҳои ҷангҷӯе, ки худро аъзои ба ном “Давлати исломӣ” мегиранд, ягон амал ва рафторашон ба мусулмонӣ рост намеояд. Онҳо зери мафҳуми ҷиҳод мардуми осоишта, мӯйсафедон, ҳатто кӯдакону наврасонро зинда ба зинда оташ зада, зери хок мекунанд, занону духтаронро таҷовуз намуда, манзилҳои зисташонро ба харобазор табдил медиҳанд, тамоми боигарӣ ва дороияшонро ғорат мекунанд.
Ташкили ҳар гуна равия ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ танҳо бо мақсади ҷоҳталабӣ ва низоъ андохтан дар байни мардум аст. Аз ин хотир аъзои ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади тухми кинаву нифоқ коштан ва ҷудоӣ андохтан дар байни мардум дар масҷидҳо ҳар гуна ақидаву андешаҳои тундгароиро ба ҷавонон тарғибу ташвиқ мекунанд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар пешниҳод гардид, ки дар масҷидҳо гурӯҳи “Фаъолон” таъсис дода шавад. Аъзои ин гурӯҳ моҳияти дини мубини ислом, ҳадисҳои расули акрамро дар бораи гиромӣ доштани қадру эътибори падару модар, дӯст доштани Ватан, анҷом додани корҳои хайр, инчунин таълимоти мактаби тарбиявии Имоми Аъзамро, ки имрӯз мо онро қабул дорем, ба мардум ва намозгузорон фаҳмонанд.
Ин гурӯҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мусоидат намуда, онҳоеро, ки дар миёни мардум зидди сиёсати давлату ҳукумат ва арзишҳои олии он, инчунин ҷудоиандозӣ дар миёни мардум талош мекунанд, дастгир намуда, бояд ба мақомот супоранд.
Ҳамчунин зимни суханронӣ зикр шуд, ки онҳое, ки тавассути интернет ҷавононро барои ҷиҳод ба Сурияву Ироқ даъват мекунанд, худ дар хонаҳои барҳаво бо тамому шароиту имкониятҳои мавҷуда зиндагӣ карда, аз ҳисоби тарғибу ташвиқи андешаву ақидаҳои экстремистӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо, маблағҳои калони пулиро соҳиб мегарданд.
Он нафароне, ки барои ҷиҳод ба Сурияву Ироқ мераванд, мусулмон нестанд, балки онҳо душмани мусулмонҳо ба ҳисоб рафта, танҳо барои қатлу куштори мардуми осоишта ва ғорати пулу мол мераванд. Нафаре, ки ба падару модари худ эҳтиром намегузорад, ҳатто модари хешро қатл мекунад, магар метавон онро мусулмон ном бурд? Ҳаргиз!
Инчунин дар ҳамоиш таъкид шуд, ки садсолаҳо падару бобоёни мо дар мазҳаби Имоми Аъзам намозгузорӣ намуда, тамоми расму оин, фарзу суннатҳои онро ба ҷой меоранд. Ба гузаштагони худ арҷ гузошта, манзили онҳоро зиёрат ва обод нигоҳ медоранд. Онҳое, ки имрӯз хилофи чунин андешаву корҳои хайр баромад мекунанд, душмани ислом ҳастанд ва бо ин роҳ мехоҳанд дар миёни мусулмонон ҷудоӣ андозанд.
Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бояд фаъол бошанд ва якҷоя бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегона мубориза бурда, нагузоранд суботу оромӣ ва фазои дӯстиву рафоқат, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳукмрон аст, халалдор гардад.

Март 2, 2016 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Барои безарар ва хушсифат консерва намудани маҳсулот чӣ бояд кард?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Хоҷагиҳои кирмакпарварии ноҳияи Рашт истеҳсоли беш аз 16 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, душанбе, 153-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи сарчашмаҳои ҳаёт дар заминаи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд