Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст
Душанбе, 18.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Ҷайҳун машварати вилоятӣ “Оид ба ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах” баргузор гардид. Дар машварат вазири кишоварзӣ Муҳаммадтоир Зокирзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳия Аминзода Фотеҳ ва масъулини соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.
Дар қисми амалии чорабинӣ ҳозирин бо усулҳои мубориза бар зидди малах аз тариқи механикӣ, агротехникӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, ҳамчунин омода намудани маҳлулҳо ва истифодаи дурусти заҳрдоруҳо ошно гардиданд. Дар қисми назариявӣ сардори КҶВД “Мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзӣ К. Ғаниев оид ба мушоҳида, паҳншавӣ, инкишоф ва усулҳои мубориза бар зидди малахи марокашӣ ибрози андеша намуд.
Дар машварат зикр гардид, ки мутахассисони соҳа дар 16 шаҳру ноҳияи вилоят пайдоиш ва ҷойҳои тухмгузории малахро дар фаслҳои сол мушоҳида намудаанд. Соли равон бояд дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шавад. Хавфи зиёни малахи марокашӣ ба хоҷагии халқ, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ ҷиддист. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҳашарот бояд дастаҷамъонаю оқилона сурат гирад.
Дар ҳолати сари вақт гузаронидани коркарди кимиёвӣ дар мавзеъҳои мушоҳидагашта метавон аз ин офати сангин раҳоӣ ёфт.








Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






