Мулоқот дар ҷамоатҳои деҳоти Басид ва Савноб

Март 17, 2016 15:12

Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Каниев, директори Муассисаи давлатии «Маркази машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хоруғ Пулод Зеваршоев ва намояндаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ тибқи нақшаи корӣ дар ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ аз ҷамоатҳои деҳоти Басид ва Савноби водии Бартанги ноҳияи Рўшон, ки моҳи декабри соли 2015 бар асари заминларзаи шадид қисман хароб гардида буданд, дидан намуданд.
Дар ҷараёни сафар гурӯҳи корӣ минтақаҳои хавфнокеро, ки дар он ҷо ба вуқӯъ омадани офати табиӣ аз эҳтимол дур нест, муайян намуда, бо сокинони ин мавзеъҳо оид ба кўчондани онҳо ба минтақаҳои бехатар мулоқот доир намуданд. Дар ҷараёни суҳбату мулоқот ҷавононе, ки хоҳиши сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар доштанд, бо пурсишҳо оид ба тартибу низоми муҳоҷират ба ҳайати гурӯҳи корӣ муроҷиат намуда, ба саволҳояшон ҷавоби қонеъкунанда гирифтанд.
Пулод Зеваршоев, директори Муассисаи давлатии «Маркази машваратии омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ба саволҳои шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҷавоб дода гуфт, ки қонунгузории Русия оид ба муҳоҷират пайваста тағйир меёбад ва донистани он ба ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки ба ин кишвар ба кор меравад, ҳатмист.
Пулод Зеваршоев иттилоъ дод, ки дар ихтиёри марказ дархости кордиҳандагон аз шаҳрҳои Санкт-Питербург ва Екатеринбурги Федератсияи Русия дар бораи даъват ба кор қарор доранд ва хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои вилоят ва «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат намоянд.

Март 17, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад