Мулоқоти Пешвои миллат бо Роҳбари Ширкати “Поли Технолоҷӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Лин
Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Ширкати “Поли Технолоҷӣ” — и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Линро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд.
“Мо аз сатҳи ҳамкориҳо ва рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар асоси анъанаҳои неки дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми накуи ҳамҷаворӣ сурат мегирад, қаноатманд ҳастем” — таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди бахши энергетика, бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, пешрафти соҳаҳои саноат ва сохтмонро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки бо истифода аз технологияи муосир ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон аст, барои тараққиёти босуръати бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар саҳм гузошта шавад.
Аз иштироки фаъоли ширкатҳои бонуфузи чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар мавзуъҳои барои ҳар ду ҷониб судмандро баррасӣ карданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






