Мулоқоти вакил бо кормандони гумрук

Март 30, 2016 09:47

Душанбе, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби замони муосир саъю талош намуда, барои татбиқи он аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоем». Ин матлабро Шариф Раҳимзод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба иқтисод ва молия зимни мулоқот бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баён кард.
вохурии  Ш.Рахимзода бо КХГШариф Раҳмимзода доир ба самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти кишвар сухан карда, таъкид намуд, ки Паёми Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат санади асосии стратегӣ маҳсуб шуда, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иҷрои босифат ва саривақтии нуктаву хулосаҳо ва дастуру супоришҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди кишвар аст. Ва барои татбиқи ин ҳуҷҷати муҳиму стратегӣ мебояд аз тамоми зарфиятҳо истифода намоем, зеро Паёми Пешвои миллат дастур ва раҳнамои имрӯзу фардои миллат ва давлат аст.
Ҳамзамон дар мулоқот Хуршед Каримзода-муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат ибрози назар намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар ин самт Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисистон фаъолияташро бо назардошти вазифаҳои муҳиму масъулиятнок барои тақвият ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани сиёсати гумрукӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ба роҳ мондааст.

Март 30, 2016 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд