Мусодираи беш аз 13 кило маводи ҳашиш дар вилояти Суғд

Март 25, 2016 12:08

Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-23 марти соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров сокини 37-солаи шаҳраки Ғафуров, ки қаблан бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир  шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 12 килою 105 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз зимни як чорабинии фаврӣ дигар кормандони ШВКД дар шаҳри Гулистон сокини 41-солаи шаҳри Хуҷандро бо ҷурми даст доштанаш дар чунин ҷиноят дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 1 килою 25 грамм маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.

Ҷамъи маводи нашъадори мусодирашуда 13 килою 130 граммро ташкил медиҳад.

Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Март 25, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд