Н. Сидирзода: Мубориза бо терроризму экстремизм аз тамоми мақомоти дахлдор фаъолияти якҷояро тақозо мекунад
Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунанда ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон раиси Суди шаҳри Душанбе Садирзода Нусратулло, муовини якум Қурбониён А, судяҳои суди шаҳр Ашӯрмамедова М, Ҳасанзода М, Саидшозода З ва раиси Суди ноҳияи Фирдавсӣ Абдуллозода М дар мавзӯҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм, инчунин шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрию суҳбатҳо гузарониданд.
Намояндагони мақомоти суд зикр карданд, ки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавӣ дорад. Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, муқовимат бо коррупсия ва дар маҷмӯъ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар ба ҳисоб меравад. Мубориза бо терроризму экстремизм, ки ба ҷомеаи имрӯза тахдид мекунад, аз тамоми мақомоти дахлдор фаъолияти якҷояро тақозо мекунад.
Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 гурӯҳу созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ амал мекунанд, ки барои оромии сокинони сайёра хатари калон доранд. Сарчашмаи фаъолияти ин гурӯҳҳо кирдорҳои зиште, чун қочоқи яроқ, маводи мухаддир ва фурӯши одамон ба ҳисоб мераванд, ки ба ин васила мавҷудияти хешро нигоҳ медоранд.
Имрӯз терроризм ва экстремизм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ касб мекунанд ва он дар минтақаҳои том, умуман дар ҷаҳон доман паҳн карда, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо хатари бузурги иҷтимоӣ дорад.
Яке аз талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






