Нақши занон дар таҳкими истиқлолияти миллӣ

Март 3, 2016 09:55

Душанбе, 03.03.2016, (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи чорабинии ҳукумати шаҳри Душанбе вохӯрии машваратӣ- ҳуқуқӣ барои донишҷӯдухтарон дар мавзӯи «Нақши занон дар таҳкими истиқлолияти миллӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Манзура Саломова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Мунира Иноятова, собиқадори меҳнат, Саноат Усмонова, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Саида Зикаева сармутахассиси раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Аслия Қурбонова, сардори шуъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи шаҳри Душанбе, Наргис Алоёрова, корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Манзура Саломова дар мавзӯи «Нақши сиёсати давлатии кор бо занон ва оила дар таҳкими истиқлолияти давлатии ҶТ» сухан гуфта, саҳми занонро дар таҳкими истиқлолияти миллӣ арзанда донист, зеро мутобиқи фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муовинон дар сохторҳои давлатию ҳукуматӣ бояд зан бошад. Инчунин ӯ афзуд, ки имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти олии кишвар муовинии ректорони донишгоҳҳо оид ба тарбияро занони босаводу лаёқатманд ба дӯш доранд. Дар макотиби миёнаи ш. Душанбе зиёда аз 78% директоронро занон ташкил медиҳанд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани мақому манзалати зан ва саҳми занон дар ҷомеа, инчунин дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан қабул гардидаанд, маълумот додан буд.

Март 3, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд