Намоишномаи нави «Хӯса» дар саҳнаи театри Қурғонтеппа
Қурғонтеппа, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар).-Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба 75-солагии адиби шинохтаи тоҷик Нур Табаров намоишномаеро бо номи «Хӯса» омода намудаанд, ки рӯзҳои наздик пешниҳоди дӯстдорони санъат мегардад.
Роҳбари театр Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки намоишномаи «Хӯса» басо ҷолибу пурмазмун буда, бахиливу нотавонбинӣ, ҳасудиву дурӯягӣ, ноҳаққиву носипосӣ барин хислатҳои манфури инсонҳоро тасвир намуда, бинандаро ба некию накукорӣ, ростқавлию поктинатӣ ва адолатпарастӣ ҳидоят менамояд. Намоишнома дар таҳияи коргардони ҷавони театр Эраҷ Султонзода рӯйи саҳна омода, дар он ҳунармадони ҷавон нақш меофаранд.