Намояндаи вижаи СММ рӯзи баргузории музокироти навбатии сулҳи Сурияро эълон кард
Душанбе, 02.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Баргузории музокироти навбатии сулҳи Сурия рӯзи 9-уми март ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия Стаффан де Мистура иттилоъ дод.
«Мо азсаргирии музокиротро бинобар сабабҳои техникӣ ва логистикӣ, инчунин барои оташбаси пурра аз ҷониби ҳамаи тарафҳо то 9-уми март ба таъхир мегузорем. Мо музокиротро ба муддати дур ба таъхир гузоштанӣ нестем», — гуфт Стаффан де Мистуре.
Музокирот бояд 7-уми март дар Женева баргузор мешуд. Вале баъдан де Мистура эълом дошт, ки ин сана метавонад тағйир ёбад.
«Мо намехоҳем, ки дар Женева будан ё набудани далелҳои вайрон кардани оташбас баррасӣ шаванд. Ҳадафи мо моҳиятан ҳал кардани ин масъала мебошад», — афзуд намояндаи махсуси СММ.
Ӯ шарҳ дод, ки дар марҳилаи дуюми музокироти Женева СММ ба он умед дорад, ки мухолифин ва мақомоти Сурия оид ба гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, инчунин ислоҳоти идора ва интихобот, ки бояд баъди 6 моҳ баргузор шаванд, ба созиш расидаанд.
Бино ба иттилои Reuters, СММ умед дорад, ки қатъи амалиёти ҷангӣ имкон медиҳад ба минтақаҳои муҳосирашуда кумаки башардӯстона расонида шавад. Он ҳамчунин ба азсаргирии музокироти сулҳ, ки дар аввали моҳи феврал қатъ шуда буд, мусоидат мекунад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






