Наврӯз наҷоти миллати мост

Март 17, 2016 08:28

Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»). —

Наврӯзи Аҷам! Эй хуҷастатарин ҳадяи Додор!

Эй беҳин падидаи инсоният!

Эй сафобахшу саодатбор! Ҳидоятгари инсонҳо ба  накуиву хайрхоҳӣ, зебоиву зебоипарастӣ, ба ободиву созандагӣ, ба офариниш,ба эҳёву парастиши муқаддасоти инсонӣ!

Наврӯзи Аҷам- наврӯзи ориёиён,наврӯзи тоҷикон! Таҷаллии донишу хирад, маърифату фазилат, фурӯғу эҳёи суннату  оинҳои неку хуҷаставу шарифи ин миллати куҳанбунёд!

Биёву моро ба бар гир, эй перояи муҳаббат,перояи фазлу адаб, перояи хираду футуввати ниёкони хуҷаста- ниҳод!

Биё,эй ҳама оғӯши пур аз накҳати гулҳо,  шамими сабзаҳо, таровати обҳои зулол! Биё, эй башорати улвӣ, эй сафои менӯи хирад! Биё,эй шогун баҳор!

Биё,Наврӯз! Ту барои мо муқаддастарин вожаӣ!  Вожае, ки онро чун ниёиш бо ҳама покиву покизагӣ, бо ҳама озодагиву озодандешӣ, бо камоли эҳтирому парастиш ба забон меорем, мисли қасам, мисли дуо! Ту мисли волотарин таманно ва қиматтарин дастоварди инсонӣ ҳамеша бо мо будаӣ ва хоҳӣ буд!

Наврӯзи Аҷам! Эй оини озодагон, эй суннати  некманишон! Хайрхоҳиву накуӣ  чун нурҳои хуршеди сафобахш ҷавлон мезананд  дар ҳама зуҳуроти ту!
Биё,Наврӯз! Эй армони ҳазоронсолаи мо, эй армони дерини башар! Эй шифои ҳама дардҳо,таскини ҳама ғуссаҳо, умеди ҳама ноумедиҳо! Биё,эй наҷоти мо!

Биё,Наврӯз! Эй ҷони ҳазорон ҷон,эй ишқи ҳазорон ишқ, эй доди ҳазорон дод,эй фарёдраси фарёд!

Агар миллати куҳанбунёди мо бо ҳама  ҷаврҳое,ки  таърих  бар сараш рехтааст, имрӯз боз ҳам бар сари пост, боз ҳам сарфароз аст, ба шарофати туст, эй Наврӯзи хуҷастасиришт!

Ин қадар ту моро аз вартаҳои фалакатҳо раҳонидаӣ! Ҳар бор дар дар охирин лаҳзаҳои ноумедӣ  ба сарвақти мо ту расидаӣ,  Наврӯз!

Ин  толеъи мо, бахти мо, шарафи мост, ки, мо туро  дорем! Туе,ки  ҳар сол меоӣ, моро аз нав эҳё мекунӣ! Ҳар сол меоиву ба мо неру, тавон, умед мебахшӣ! Эй сарчашмаи файзу футуҳи аҳуроӣ, Наврӯз!

Наврӯзи Аҷам! Ту бузургдошти ориёнӣ, бузургдошти тоҷиконӣ! Ту бузургдошти башар ҳастӣ! Зеро дар  ту фурӯғи  ишқ, умед ва армонҳои тамоми башар шаъшаапошӣ мекунанд!

 

Наврӯз! Эй ҷашни  инсонҳо, эй ҷашни Осмон, эй ҷашни Замин, эй ҷашни Офтоб! Ту ҷашне ҳастӣ, ки дар саҳнаҳоят чор унсури азал ба арғушт медароянд!

Биё, эй Наврӯзи Аҷам, эҳёи дубораи мо! Биё,бо пайки шукуфтанҳо,нусрати зоданҳо,мифтоҳи кушоданҳо!  Биё,эй  чашмаи  саршор аз ангезаи шавқи пайдоиш! Ойинае,ки  ишқ ва абадият дар он ҷилванамоӣ ва уқдакушоӣ мекунанд!

Биё, Наврӯз! Биё,ки бо боронҳои ту биборем,бо гулҳои ту бишкуфем, бо парандагони ту пар боз намоем, бо дарахтони ту ба бор оем, бо мурғаконат бисароем!

Биё, Наврӯзи Аҷам! Моро раҳо кун,чун сабзаҳо аз хок,чун гулҳо аз шохсор, чун чашмаҳо аз дили санг, чун сурур аз қафаси сина! Ту раҳову раҳнамои моӣ, Наврӯз! Ту озодиву озодагиҳои моӣ, Наврӯз!

Биё, бо забони баргҳои навруста, бо даҳони ғунчаҳои навшукуфта рози дили моро биханд,эй Наврӯз!

Биё, Наврӯз, ки ман саропо лонаи мурғони муҳоҷир хоҳам буд! Дарахтонро дар худ хоҳам сабзонд, рӯдҳоро дар шараёни худ ҷорӣ хоҳам кард, вожагулҳоро дар лабҳоям хоҳам шукуфонд!

Биё, Наврӯз,ки бо ту ман Заминро Модар ва Осмонро Падар эҳсос хоҳам кард!

Аё, Наврӯз! Ту эҳсоси ҳазорон сол дар як нафасӣ!  Туӣ, ки мо хуҷастагиҳои Зардуштро дар худ эҳсос мекунем!

Аё, Наврӯз! Ту эҳсоси Ҷамшеду Фаридун,Шераку Испитамон, Рустаму Сиёвуш дар вуҷуди моӣ!

Наврӯз! Ту номи миллати мо,муҷассамаи миллати мо дар тагсинҷи таърихӣ! Муҷассамаи пирӯзӣ! Ҳеҷ душмане натавониста бар ту тасаллут кунад! Баръакс, ҳама душманони ғасбгаре,ки ин ҷо омаданд, таслим ба ту шудаву волаву шайдои ту гардидаанд.Бале, таҷовузгарони кишвари мо ғолиби шамшеркашиву хунрезӣ,аммо мағлуби илму адабу фарҳанги мо буданд ва ин пирӯзӣ таҷассум дар ту ёфтааст,эй Наврӯз!

Наврӯз! Ту тавонистӣ дар муқобили бодҳои сарду тунди таърих, дар муқобили сангборони асрҳо пойдор бимонӣ! Наврӯз, ту тандеси бегазанди абадияти моӣ!

Миллати мо туро зинда дошт ва ту миллати моро зинда доштӣ бо хуҷастагиҳои хеш! Мову ту ҳамсириш-  тем ,ҷудоинопазирем, Наврӯз!

 

Наврӯз! Ту шиносномаи миллати мо ҳастӣ ва дар ту ҳама ҳастӣ, ҳама таърихи мо,ҳама хуҷастагиҳои падарони мо таҷассуми ҷовидона ёфтаанд!

Симои ту, Наврӯз, симои халқи мост, симое покиза, мубарро, фарзона, ошиқона зебо ва дилпазир!

Наврӯз! Ту бемаргии миллати моӣ!!!

Наврӯзи оламафрӯз!Эй раҳнамои инсонҳо ба ягонагӣ,ба сулҳу дустӣ,ба бародариву баробарии ҳама сокинони рӯи Замин, сарфи назар аз қавму ирқу нажоду дин!Эй намунаи баландтарин фарҳанги ягонагии инсоният!Раҳнамои мо бош!Моро ҳидоят кун,ки фарзандони як хонавода дар рӯи Замин бошем!

Инак, суннатҳое,ки симои туро рӯнамо мекунанд:

—Наврӯз! Ту оғоз меёбӣ, бо об задан,  об пошидан бар дари хона, бар қудуми дӯстон, об пошидан ба рӯи ҳамдигар, зеро об рӯшноист, об покизагист, об таровати ҳастии мост! Мо кишвари обҳои зулол ва дилҳои саршор аз муҳаббатем! Бигзор ин диёр ҳамеша шодоб аз оби рӯву оби ҷӯ бошад!

— Наврӯзо! Нахустсуннати ту хонатаконист, покиза кардани худ, хонаи худ, кӯчаи худ, деҳаи худ, меҳани худ, олами худ, яъне ту паёми покизагонӣ!

— Ту зодаи субҳидамӣ,Наврӯз!  Субҳи ту  мешавад оғоз бо паёми гули барф, бо паёми гулҳои наврӯзӣ, бо мубаркбодиҳои кӯдакон,ки ба ҳар хона пайғоми гули баҳор меоранд! Дуруд бар ту, эй паёми сарсабзиву шукуфоӣ!

— Аё,Наврӯз! Ту меоӣ бо пираҳани садрангу мунаққаши худ ва мо мебароем бар пешвозат  бо пӯшидани либоси нав,либоси тоза,бо ороишоти баҳорӣ, бо зебу зинати идона! Хушо, эй  пайку паёми зебоӣ!

—Наврӯз! Ту айёми зиёрати рӯҳи гузаштагонӣ! Мо ба  оромгоҳҳо меравем,ба рӯҳи гузаштагон салом мебарем,ибодатҳо мекунем, марқадашонро тозаву озода месозем! Наврӯз, ту рамзи арҷгузорӣ ба рӯҳ,одоб ва суннатҳои гузаштагонӣ!

—Наврӯз! Ту ҳафтгонии муқаддаси моӣ:ҳафт шин, ҳафт син, ҳафт авранг, ҳафт айвон,ҳафт хон, ҳафт амшосипандон-ҳафт фариштаи бузурге, ки нигаҳбони туянд!Ин аст, ки шукӯҳу тантанаи ту то ҳафт осмон дурахшон аст!

—Бо фаро расдани ту, Наврӯз,шири сафед менӯшанд,то дар соли нав бо сафедиҳо ёр бошанд! Хонаҳоро сафед мекунанд,зарфҳоро то сафед шудан мешӯянд, ба китфи ҳамдигар орди сафед мепошанд. Ту паёми сафедиҳоӣ, Наврӯз!

—Биё, Наврӯзи хуҷастаниҳод,ки бо ту на танҳо шабу рӯз баробар мешаванд, балки суннатҳои волои ту одамонро ба ҳамдигар баробар ва бародар мекунанд!

—Биё,Наврӯз! Эй пирӯзии нур,пирӯзии рӯшноӣ!  Бо ту афзунтар мешавад нур дар дунё,дар дилҳо  ва пайваста ҳамаро фаро мегирад. Ба дидаву дилу ҷон, ба хонаҳои мо паёми рӯшноӣ биёвар, Наврӯз!

—Эй хуҷастатарин рӯз—  рӯзи бахшидани гуноҳон! Рӯзе,ки душманон бо ҳам дӯст мешаванд,кинаро аз дил мезудоянд,хусуматро фаромӯш мекунанд! Дар рӯзи Наврӯз “не” гуфтан савоб нест!Ва ин волотарин суннати инсонист,ки такя ба оинҳои ҷавонмардӣ дорад!

—Бигзор дар гулханҳои ту,Наврӯз, ҷаҳл,қаҳр,ғазаб сӯзонда шаванду ишқ,меҳр,шодӣ фурӯзон гарданд!

—Ниҳоят, Наврӯз! Ту рӯзи киштани тухмҳои умеду донаҳои армон ба заминҳои Ватан, ба полезҳои вуҷуди моӣ, зеро ҳамроҳи ҳар тухму донае,ки кишта мешавад,орзуву нийятҳои неки одамон низ кишта мешаванд,то фардо ҳосили ризқу рӯзии мардум ба бор ояд!

Биё,Наврӯзи саршори муҳаббат! Салому паём ва муҳаббати  моро бипазир, моро ҳидоят кун, то ба баландои Наврӯз бароем, ба Офтобу Замин саҷда орем, аз баландии Наврӯз дуруд фиристем ба чор самти олам: бар Шимолу Ҷануб,бар Шарқу Ғарб! Бо дили  шоду рӯҳи озод парчами озодагон ва некманишонро дар  баландои ту сарфароз гардонем!

Ба тамоми мардуми олам паём фиристему бигӯем: биёед, бо Наврӯз бошем,яъне бо покӣ,бо некӣ,

бо хайрхоҳиву озодагӣ!

Биё,Наврӯз,бо нафасҳои аҳуроии худ,бо нерӯи покиву ростӣ ва меҳру оромиш моро аз газанди бадхоҳон дур намо!

Биё, эй ҷашни ростон! Мо бо ту меситоем пиндори нек, гуфтори нек, кирдори некро! Бо ту меситоем ростиро! Ростӣ беҳтарин некист,хурсандист!Чунин бод ва чунинтар бодо!

Биё, Наврӯзи ҷонбахш, Наврӯзи озодӣ,Наврӯзи Истиқлоли тоҷикон—армони ҳазоронсолаи мардуми хайрхоҳу башардӯст!

Биё,эй наҷотбахш! Эҳёи дубораи ту,эҳёи навини миллати мо, истиқлолу озодии ин халқи куҳанбунёду навофарин  муборак бод!

Марҳабо,Наврӯз! Марҳабо,эҳё! Ба кишвари некону некманишон,ба кишвари озоди озодагон,ба ин биҳишти Замин, ба ин гулистон,ба ин дилистон, ба зодгоҳи худат,ба Тоҷикистон!

Марҳабо, Наврӯз!! Фархунда бошу хуҷаста, Наврӯзи ориён,Наврӯзи Тоҷикистон!!!

Оғози март,соли 2016

 

Камол Насрулло

Шоири халқии Тоҷикистон

Март 17, 2016 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд