Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 март дар Ҷумҳурии Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон оғоз гардида, то 25 март идома меёбанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Кохи миллии санъати кинои Узбекистон баргузор гардида, дӯстдорони санъати кино бо намунаҳои беҳтарини синамои тоҷик шинос мешаванд.
Дар ин рӯзҳо филмҳои ҳунарии тоҷик, аз ҷумла «Моҳӣ дар шаст», «Дар талоши ҳақиқат» ва «Зиндагӣ зебост» ба намоиш гузошта мешаванд.
Баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду мамлакат ва муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид






