Неруҳои Сурия мавқеъҳои террористонро дар даромадгоҳи Палмира нобуд карданд

Март 18, 2016 10:52

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Ҷанговарони артиши Сурия рӯзи панҷшанбе террористони «Давлати исломӣ»-ро аз ду минтақаи кӯҳӣ дар даромадгоҳи Палмира зада берун карданд.
Бино ба иттилои агентии иттилотии САНА, мавқеи дастаи ДИ дар баландиҳои Эл-Хаёл ва Эт-Тар нобуд карда шуд. Неруҳои ҳарбӣ душманро дар дараҳои Водии Заккара ва Эл-Баёрат, ки он ҷо дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ҷангиён талафоти зиёди ҷонию техникӣ диданд, пайгирӣ мекунанд.
Ҳамчунин неруҳои ҳукуматӣ истгоҳи газтақсимкунӣ ва бинои донишкадаи технологиро дар Дейр-аз-Зор озод кардаанд.
Дар Ханосир террорист Ҳасан Аббуд, ки амири ДИ дар Сурияи марказӣ маҳсуб мешуд, маҳв гардид.

Март 18, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад