Ошкоргардии воридоти доруҳои қалбакӣ

Март 16, 2016 10:18

Душанбе, 16.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соли 2015 ва 2- моҳи соли 2016 беш аз 55 ҳазор доруҳои қалбакӣ ва пастсифатро нобуд сохта, дар маҷмӯъ 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии дорувориро ба қайд гирифт. Масъулини Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд воридоти ғайриқонунии доруворӣ ба миқдори умумии 52 ҳазору 744 дона ва 1 ҳазору 425 қуттӣ дорувории бе сифати муҳлати истифодаашон гузаштаро ошкор намуданд. Ҳамчунин доруи Амоксатсиклин, Апетамол ва Ру-фен, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда надоштанд ва доруҳое, ки ғайри қобили истеъмоланд, ба қайд гирифта шудаанд.
Оид ба ин амали ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд 10 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ва 1 парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти суд ва прокуратура барои баррасӣ ирсол шуданд.

Март 16, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад