«Пешоҳанг»: Оромию осудагӣ шиори мо, ҷавонон аст!
Душанбе, 03.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони ШВКД ва бахши ҷавонони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо наврасону ҷавонони ноҳия вохӯрии судманд доир намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндаи бахши ҷавонони ноҳияи Восеъ Муҳаммадҷон Ҳаитов дар атрофи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлату Ҳукумати кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон ҳамчун неруи ояндасози миллат ибрози назар намуд.
Аъзои гурӯҳи «Пешоҳанг» Эмомалӣ Миралиев дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ» ҳарф зада, ҷавонону наврасонро ба ҳушёриву зиракӣ, арҷ гузоштан ба рукнҳои давлатдорию арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар даъват намуд.
Имомхатиби ноҳияи Восеъ Муҳаммадсаид Акрамов дар атрофи мавзӯи «Ҳизбу харакатҳои ифротӣ ва мақсади фаъолияти онҳо» сухан карда, иштирокдоронро аз фитнаҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки имрӯзҳо баъзе давлатҳобори онро мекашанд, бори дигар огоҳ намуд ва даъват кард, ки ҳамеша дар паи ободӣ, осудагӣ ва оромии ҷомеа бошанд.
Дар баробари ин ҷавонон ва наврасон аз мақсади фаъолияти гурӯҳҳои ифротию тундгаро, фаъолияти ташкилоти террористӣ дар давлатҳои алоҳида ва хатари онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ пайдо намуданд.
Намояндаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони ШВКД дар ноҳияи Восеъ лейтенанти милитсия Алишер Баротов оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошт, ки мактаббачагон ба корҳои беҳуда машғул нашуда, аз пайи омӯхтани илму дониш бошанд ва аз амалу кирдорҳои номатлуб парҳез намоянд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






