Ҷ. Расулов: Сохтмони бинои кӯдакистон ба итмом расид
Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар ҷамоати Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони бинои иловагии кӯдакистони № 6 барои 180 нафар ба итмом расид.
Аз Раёсати маорифи вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен низ сохтмони бинои нави мактаб барои 240 хонанда аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом ёфта, корҳои ободонии атроф босуръат идома дорад ва он рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Таҷҳизонидани муассисаҳои навбунёд аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назар аст.