Роҳандозии «Таҳсилоти фосилавӣ» дар Хуҷанд
Хуҷанд, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи политехники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» доир гардид. Дар семинар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ва устодони донишгоҳҳо ширкат доштанд. Як ҷанбаи фарқкунандаи семинар он буд, ки бо дастгирии ширкати мобилии Тселл ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи энергетикии шаҳри Қурғонтеппа тавонистанд бевосита дар муассисаҳои худ истода, аз тариқи интернет ба таври мустақим ба кори семинар пайваст шаванд. Дар чорабинӣ сарвари донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова зикр кард, ки баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияи наву замонавӣ ва истифодаи самараноки он дар машғулиятҳо, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби ҷавонон ба таҳсил аз ҳадафҳои асосии давлат ва ҳукумати кишвар мебошад.
Рустам Мирсаидов, коршиноси департаменти алоқа ва идораи бренди ширкати мобилии Тселл дар вилояти Суғд аз ҳамкории ширкат бо Донишкадаи политехникӣ ёдовар шуда, афзуд, ки шурӯъ аз соли 2016 интернет-провайдери донишкада ба ширкати мобилии Тселл гузашт.
Ҳамзамон Илҳом Амонов, ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Ҷайлоев З.М., сардори департаменти таълими Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа ва Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз дастгириву ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маориф сухан ронда, баргузории семинарро дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» айни муддао донистанд ва зикр намуданд, ки таҷрибаи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд шоистаи омӯзиш мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






